26 март Роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пайғоми Наврӯзӣ ба Хонаи кӯдакони сини томактабии №1 шаҳри Душанбе ташриф оварда, маводи хӯрока супориданд.
Тавре иттифоқи касабаи Хадамоти муҳоҷират хабар дод, ба тарбиятгирандагони ин даргоҳи таълимӣ бахшида ба ҷашни Иди Наврӯзӣ оламафрӯз маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, гӯшт, тухм, картошка, наск, карам, лаблабу, лубиёгӣ ва инчунин шириниҳо иборат буд, тақдим карданд, онҳоро бо фарорасии баҳори аҷам Наврӯзи хуҷастапай муборакбод гуфтанд.
Алҳол дар ин муассиса 65 нафар кӯдакони сини томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Кӯдакон таҳти парастории омӯзгорону мураббияҳои соҳибтахассус таълим мегиранд.
Худи ҳамон рӯз, аз тарафи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён, ки бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ба саёҳати пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе омада буданд, дастархони идона оростанд. Инчунин, ба роҳбарият ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат тамошоӣ ҷойҳои зебоманзари пойтахти азизамон ташкил карда шуд.