Кумаки техникӣ ба Хадамоти муҳоҷират

[:tj] 

Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, Ташкилоти байналмилалӣ “Ҳайати Шафқат” таҷҳизотҳои техникӣ дастрас гардид.
Ин таҷҳизотҳо дар якҷоягӣ бо тренингҳои гузаронидашуда барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳое, ки Хадамоти муҳоҷират ба муҳоҷирони баргашта пешниҳод менамояд, пешбинӣ шудааст.
Тавре дар суҳбат корманди масъули “Ҳайати Шафқат” Сарвар Турдибоев иброз намуд, айни замон Ташкилоти байналмилалӣ “Ҳайати Шафқат” саҳмдори фаъоли соҳаи муҳоҷират дар Тоҷикистон буда, лоиҳаи реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии баргашта дар Тоҷикистонро амалӣ карда истодааст. Реинтегратсияи иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони кории аз Россия баргашта, яке аз муҳимтарин масъалаҳое мебошад, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли он талош мекунад.
Лоиҳаи мазкур дастгирии амалисозии стратегия ва сиёсати миллӣ оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони ба ватан баргашта дар сатҳи ҷамоатҳо, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират ва раёсату шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Норак, Ёвон, Тоҷикобод, Рашт, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров мебошад. Рушди иқтидор, захираҳо, ҳамкорӣ ва татбиқи сиёсатгузорӣ дар сатҳи маҳаллӣ, ҷалби бевоситаи муҳоҷирони баргашта ва аъзои оилаҳои онҳо ба системаи идоракунии масоили муҳоҷират ва ҳукумати маҳаллиро дарбар хоҳад гирифт.
Дар доираи лоиҳаи “Реинтегратсияи муҳоҷирони баргашта дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Ҳайати Шафқат бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо тавассути Маркази Байналмилалии Рушди Сиёсати Муҳоҷират (ICMPD) амалӣ карда мешавад, оид ба масъалаҳои зерин якчанд тренингҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ”, Мафҳуми “менеҷменти вақт” ва “Асосҳои саводнокии компютерӣ” гузаронида шуданд. Дар тренингҳои дар боло зикршуда зиёда аз 100 нафар кормандони Хадамоти муҳоҷират дар саросари кишвар ширкат варзиданд.

Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо