[:tj]Баҳри амалигардонии ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани ёрии моддӣ ба шахсони ниёзманд, пирону барҷомондагон, нафарони маъюб ва бесаробон дар арафаи Соли нави мелодӣ иқдоми навбатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли ҶТ пеш гирифта шуд.
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони сини томактабии №1 шаҳри Душанбе халтачаҳои дорои шириниҳои солинавӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хонаи кӯдакони сини томактабии №1, шаҳри Душанбе пайваста кумакҳои моддӣ расонида мешавад ва ин иқдом минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.[:]