Кумакпулии Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ расонида шуд

5-7 май бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, сокини 95-солаи деҳаи Миршикори Ҷамоати деҳоти Э. Ниёзови ноҳияи Қубодиён бобои Мамат Тошматов, сокини 100 солаи истиқоматкунандаи кӯчаи Советӣ-16 шаҳраки Шаҳритус Кенҷа Шоматов, сокини деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён Ҳомид Бобоев ва сокини деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Розиқ Қосимов рафта онҳоро бо ин рӯз табрик намуданд. Сипас ба аёдатшудагон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 10 000 сомонӣ, кумакпулии Раиси вилояти Хатлон 4 000 сомонӣ ва раисони шаҳраку ноҳияҳо 2 000 сомонӣ кумакпулии якдафъаинаро тақдим намуданд.

Зимни суҳбат бо иштирокчиёни ҶДҶ зикр гардид, ки ҷонфидоии мардони шуҷоъ дар ин набард тимсоли олии ватандӯстӣ, ваҳдат, озодихоҳӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, барои наслҳои ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона мебошад. Хизмату ҷонбозиҳои эшон дар таъмини сулҳу оромии кишвар ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.


Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо