Кумак ба осебдидагони офатҳои табиӣ

 

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 майи соли равон бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани амалҳои муассири муштарак барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб рух дод, намояндагони Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд.

Барои расонидани кумак ба аҳолии осeбдида ва ҳисоби хисороти воридгашта дар асари офати табиӣ ситод таъсис дода шуда, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Сардори Хадамот дар минтақаҳои осебдида фаъолияти худро амалӣ намуда истодааст.

Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати дастгирии аҳолии ниёзманд пайваста чораҷӯӣ намуда, минбаъд низ чорабиниҳои заруриро амалӣ месозад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чанде пеш бо супориши Пешвои миллат барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани шаҳрвандон ва муайян намудани хисороти воридгардида дар пайи ба вуҷуд омадани сел дар вилояти Хатлон Ситоди корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боришоти шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел осеб дид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо