Кумак ба табибон аз ҷониби Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

[:tj] 

Вобаста ба амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «коронавирус»-и нави (COVID-19) бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати расонидани кумак ба табибони муассисаҳои давлатии беморхонаи марказӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия барои пешгирии вируси нави COVID-19 як қатор маводҳо дар намуди ниқоб, экран-ҳимоякунандаи рӯй, термометри фосилавӣ (тепловизор), ду намуд либосҳои муҳофизатии фардӣ ва айнак тақсим карда шуд.

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб хабар дод, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мутахассисони соҳаи тиб миннатдории самимонаи худро ба намояндагони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон расониданд.

 

                                                        Бахши Хадамоти муҳоҷират

 дар ноҳияи Варзоб

                                                         

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо