[:tj]17 май дар Хадамоти муҳоҷират оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо аз 10 майи соли 2019 баён доштанд, ҳамоиши васеъ баргузор гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказӣ, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ш.Душанбе ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок намуданд.
Дар баромадашон муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Моёншо Маҳмадбекзода қайд карда, иброз намуданд, Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мақсади мулоқоти имрӯза бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад.
Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, супоришҳои мушаххас гузоштанд.
Имрӯз аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мулоқоти мазкур нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид. Хизматчии давлатӣ дар иҷрои саривақтӣ ва сифатноки стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва ҳадафҳои миллии рушд, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидаанд, нақши сазовор гузошта, уҳдадориҳои мансабиро тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетиву ғайрибуҷетӣ назорати доимӣ ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулияти кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он тадбирҳои зарурӣ андешида, барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, хусусан ҳангоми додани иҷозатнома ва иҷозати кор ба субъектони хоҷагидор, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, чораҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон яке аз талаботи асосӣ дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ бояд манфиати давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузорем, – афзуд ӯ.
Амалӣ намудани нақшаҳои пешбинишуда аз фаъолияти ватандӯстона ва ҳисси баланди масъулияти ҳар як хизматчии давлатӣ вобаста мебошад.
Анвар ЮСУПОВ
[:]