Мардуми кӯҳистон огоҳонида мешаванд

[:tj] 

Ноҳияи Деваштич аз ҷумлаи ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Суғд буда, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ дар он ҷо чандон осон нест ва махсусияту мушкилоти худро дорад. Зеро баъзе ҷамоатҳои деҳот  аз маркази ноҳия дар масофаи хеле дур ҷойгир ҳастанд ва барои аз маркази ноҳия ба он ҷо рафтану омадан чанд рӯз лозим мешавад.

Новобаста ба ин, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич бо сарварии Санавбар Баҳодурова бо истифодаи босамар аз имкониятҳо мунтазам бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқот ороста, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Қобили зикр аст, ки ташвиқоту тарғиботи хона ба хона ва ҳавлӣ ба ҳавлӣ дар миқёси вилдояти Суғд маҳз дар ноҳияи Деваштич арзи ҳастӣ намуда, баъдан дар дигар шаҳру навоҳӣ ба ҳукми анъана даромад.

Дар асоси вазифагузориҳои роҳбарият ва барқияҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд аз 27.03.2020, №16/1 – 88 ва аз 30.06.2020, №16/1 – 191 “Оид ба роҳандозии корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чорабиниҳои эпидемиявӣ барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории “Коронавирус” бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич низ мунтазам чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ доир гардида истодааст. Боиси хурсандист, ки иқдомҳои бахш дар ин самт аз ҷониби шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои минтақавии корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа дастгирии ҳамаҷониба меёбад ва чорабиниҳои муштараки онҳо самараи бештар медиҳанд.

Баъди дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ доир гардидани чорабинии калони иттилоотию маърифатӣ дар деҳаҳои Ғазантараку Зарнисори ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хуштоири Мухлон, Хоҷа Тоир, Лолазор, Шоҳин ва Даштикони ҷамоати деҳоти Яхтан бо сокинон мулоқот гузаронида шуд, ки дар ташкили онҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич бевосита саҳмгузорӣ намуд.

Мудири бахш Санавбар Баҳодурова, ки аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ низ мебошад, дар рафти ҳама мулоқотҳои доир гардида дар назди иштирокчиён суханронӣ намуд.

                                                              Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                         дар ноҳияи Деваштич

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо