Масуълиятнокии кормандон дучанд мегардад

[:tj] 

Ҳамарӯза кормандони масъули шуъбаи баҳисобгирӣ вахизматрасонй ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари Россия доранд оид ба тагйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ин кишвар суҳбату вохӯриҳо барпо мекунанд.

Бояд арз намуд, ки кормандони шуъба ҳамеша дар роҳи ҳарчи хубтару беҳтар кумак намудан ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ мсбошанд. Аз ҷониби худ кормандони шуъба саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳатҳои муфид дода, онҳоро ба муҳоҷирати бехатар, ворид нагардидан ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротагарои экстремистӣ ҳидоят мекунанд.

Кормандони шуъба ҳамеша ба сафаркунандагон муроҷиат намуда мегӯянд, ки кӯшиш кунанд ҳарчӣ зиёдтар дар бораи тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия хабардор шаванд. Ҳар як муҳоҷири тоҷик забони русӣ, таърих ва қонунгузории Россияро донанд қонунҳои будубоши онро риоя намоянд.

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки пеш аз сафар, ҳар як сокини мамлакат, дар навбати аввал дар кишвари Россия ҷойи кор ёбаду, онро аниқ намуда, омодагии хуб дида, баъд ба сафар барояд. Инчунин ба масъалаҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД эътибори махсус зоҳир намоянд.

  1. Мунаваров

                              мутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ

                          ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри

                                                               Душанбе»-и Раёсати Хадамоти  

                                                               муҳоҷират дар шаҳри Душанбе[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо