Масъулиятнокии кормандон дучанд гардид

[:tj]Фарорасии фасли зимистон масъулиятнокии кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дучанд намуд.

Ҳамарўза кормандони масъули Шуъба ба муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари Русия доранд оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия суҳбатҳои муфид мегузаронанд.

Бояд арз намуд, ки кормандони Шуъба ҳамеша дар роҳи ҳарчи хубтару беҳтар кумак намудан ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Аз ҷониби худ кормандони Шуъба саъю кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳатҳои муфид дода, онҳоро ба муҳоҷирати бехатар, шомил нашудан ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротагарои экстремистӣ ҳидоят мекунанд.

Кормандони Шуъба ҳамеша ба сафаркунандагон муроҷиат намуда мегўянд, ки кўшиш кунанд ҳарчӣ зиёдтар дар бораи тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия хабардор шаванд. Ҳар як муҳоҷири тоҷик аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия бомуваффақият имтиҳон супорида соҳиби Сертификат шуда, дар кишвари будубош патент гирифта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд. Ин ягона мақсади кормандони Шуъба мебошад.

Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки пеш аз сафар, ҳар як сокини мамлакат, дар навбати авал дар кишвари Русия ҷойи кор ёбаду, онро аниқ намуда, омодагии хуб дида, баъд ба  сафар барояд.

Далер Гулшанов

корманди масъули Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ  дар шаҳри Душанбе.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо