Мафҳуми Парчами миллӣ

[:tj]Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад.
Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол парчами миллии мо имрӯз дорои се ранг: сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад.

Тавре ки мегӯянд, шаҳрванди Тоҷикистон будан ифтихор аст ва дар робита ба ин ифтихор дар арафаи таҷлили Рӯзи парчам аз кормандони Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар мавриди донистани мафҳуми рангҳои парчам назарпурсӣ гузаронидем:

Ҷамшед Қаландаров,  муовини директори МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе: Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Аз ин рӯст, ки парчами миллӣ аз ҳар яки мо одоби хосаи муносибатро талаб дорад. Дастури парчамдорӣ, муносибат бо парчамро бояд ҳар яки мо бидонем ва мувофиқ бар он рафтор намоем. Оре, Парчами миллӣ танҳо он дирафше нест, ки мо онро болои сар мебардорем. Парчами миллӣ рамз аст, рамзи бегазанди ҳастии ҳар халқ.

Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат аз оғози таърих то ба имрӯзро дорад. Эҳтироми ливо – арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ба ниёгони тамаддунсозамон, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист. Аз ин хотир, эҳтироми парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шавад.

Ранги сурх ҷоннисории халқ барои халқу ватан, ранги сафед бахту иқболи сафед, ранги сабз сарсабзиву хуррамии мардумро нишон медиҳад.
Дилшод Убайдов, ҳуқуқшиносӣ Марказ: Ранги сафед ин озодӣ, сабз – тараққиёт, ранги сурх – ин бо роҳи мубориза ба даст овардани истиқлолият аст.

Артур Марупов, ҳамоҳангсозӣ Марказ: Ранги сурх – мубориза ва талоши зиёд баҳри истиқлолият, Сафед – роҳи сафед, сабз – сарсабз будани Тоҷикистон мебошад.

Хосамоҳ Давлатова, ҳамоҳангсозӣ Марказ:
Сурх – рамзи истиқлолият, сафед – покизагӣ, шири модар, сабз – сарсабзии кишвар.

Муҳаммад Раҷабов, машваратчии калони Марказ: Ҷоннисории халқ барои сулҳ ва истиқлолият, ранги сафед – роҳи сафеду шири сафед, сабз – сарсабзу хуррамии Тоҷикистон.

Бале, ҳар яки мо бояд дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир бикунем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, дар ҳар маврид онро пос дорем, барои ҳимояи он, пок  ва муқаддас доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, пос доштани рӯҳи гузаштагон, пос доштани таъриху суннатҳои халқи худу кишвари худ аст.

Боиси хурсандиву сарфарозист, ки Парчами миллии мо дар маркази шаҳр, дар анқариби Қасри миллат, анқариби Нишони давлатии Тоҷикистон, дар баландие, ки аз ҳама ҷониби шаҳр ба чашм намоён аст, афрохта шудааст. Баландтарин ва пуршукӯҳтарин парчами рӯи замин аст. Барои мо, тоҷикон, ки аз халқҳои куҳанбунёди олам ҳастем, ин парчам на танҳо аз ҷиҳати қадафрозиву паҳноварӣ дар дунё баландтарину бузургтарин аст. Барои мо шаъну шукӯҳу қимати ин парчам дар дунё аз ҳама баландтарин аст. Шояд фардо боз парчамҳои баландтаре сохта шаванд, ба китоби Гиннес ворид гарданд, аммо парчами Тоҷикистон барои мо ҳамеша баланд хоҳад буд, зеро баландии қадри он, на қадди он, баландии шаъну шукӯҳи он, на азамати он ҳаргиз барои ҳар ватандӯст поён нахоҳад рафт.

                                                                                                     Анвар Юсупов            

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо