МАШВАРАТИ КОРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИЯТ ВА ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ НАМОЯНДАГИИ ВАЗОРАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ОИД БА МУҲОҶИРАТ ТАРИҚИ ОНЛАЙН

[:tj] 

13 майи соли 2020 аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода  бо роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тариқи  алоқаи интернетии скайп машварати  корӣ анҷом дода шуд.

Зимни машварати корӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар давраи пандемия, ҳалли саривақтии муроҷиат ва мушкилоти онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон барои мусоидат ва кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат барои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои Федератсияи Россия, инчунин тақвияти корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.

Қайд гардид, ки  барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик дар ин давлат мунтазам кор бурда истодаанд.

Вобаста ба ин роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволже, Сибир, Ҷануб ва Шимолу Ғарби Федератсияи Россия, шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург  роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия ва корҳои анҷомдодаи Намояндагӣ дар манотиқи гуногуни кишвари қабулкунанда гузориши мафассал манзур намуданд.

Дар интиҳои машварати корӣ Вазир бо назардошти таҳлилу баррасии вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Россия, барои  ҳалли мушкилоти мавҷуда ба кормандони Намояндагӣ супоришҳои мушаххас доданд.

 

                                             Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии 

                                                                                     Ҷумҳурии Тоҷикистон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо