Машғулияти омўзишӣ оид ба пешгирии вируси сироятии «КОРОНАВИРУС»

[:tj] 

 

Дар Хадамоти муҳоҷират оид ба пешгирии вируси сирояти «коронавирус» машғулияти омўзишӣ доир гардид.

Қайд карда шуд,  ки айни замон масъалаи пешгирии интиқоли сирояти «коронавирус» ба мамлакат таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бояд иброз намуд, ки тибқи муқаррароти фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз 2 марти соли 2020, №37 «Дар бораи ба роҳ мондани корҳои пешгиркунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ дар вазорат ва сохторҳои он барои пешгирии сироятёбӣ аз бемори «коронавирус» ва фармоиши сардори Хадамоти муҳоҷират аз 6 марти соли равон, №8 ва нақшаи амал ҷиҳати паст кардани шиддати таъсирнокии пандемияи «коронавирус» дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодаанд.

Ҳадаф ва мақсад аз баргузории машғулияти мазкур – баланд бардоштани савияи дониши кормандони Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати пешгирии сирояти «коронавирус» арзёбӣ гардида, зикр карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вируси мазкур ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рўз то рўз пурзўр карда мешаванд.

Дар машғулияти омўзишӣ доир ба роҳҳои пешгирӣ аз «коронавирус» зикр гардид, ки ин вирус тамоми ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст ва новобаста аз синну сол метавонад ба ҳама таҳдид кунад. Ҳамчунин аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои табибонро доир ба гигиенаи шахсӣ ҳамарўза риоя намоянд.

Ба ҳозирин доир ба пайдоиш ва ҳолати сироятёбии вируси мазкур дар мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ иттилоъ дода шуд, ки ин вирус бори аввал соли 1965 пайдо шуда, соли 1975 «коронавирус» ном гирифтааст.

Ин вирус дар шакли имрўзааш охири моҳи декабри соли 2019 дар яке аз бозорҳои шаҳри Уҳани Чин хуруҷ карда, то имрўз саросари дунёро фаро гирифт.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки нисбат ба ин беморӣ ҳамеша бояд ҷиддӣ бошем ва ҳарчи бештар ба гигиенаи шахсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.

Дар идомаи семинар ба ҳозирин варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии сирояти «коронавирус» тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки чунин машғулиятҳои омўзишӣ бо мақсади боз ҳам пурзўр намудани чораҳои пешгирии сирояти «коронавирус» аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар муассисаҳои вазорат доир карда мешаванд.

                                                                                                    Анвар ЮСУПОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо