[:tj]
Тибқи фармони Раиси шаҳри Москва шурӯъ аз 13 апрели соли равон бинобар хуруҷи сироятёбӣ аз коронавирус сафар дар шаҳр ва музофоти Москва дар ҳама намуди нақлиёти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва таксӣ тибқи иҷозатномаи махсуси рақамӣ, ки онро метавон дар сомонаи шаҳрдорӣ – www.mos.ru бо нишон додани мушаххасот ва ҳадафи сафар дарёфт, ба роҳ монда мешавад. Рухсатҳои махсусро метавон инчунин тариқи фиристодани паёмак ба рақами кӯтоҳи 7377 ё тариқи занги телефонӣ ба рақами телефонии +7 (495) 777-77-77 фармоиш дод ва шумораи он дар давоми ҳафта маҳдуд карда намешавад.
Барои гирифтани он бояд ҷойи истиқомати воқеиро нишон дод, на ҷойи бақайдгирифташударо. Тартиби гаштугузор ва тарки ҷойи иқомат ба аҳолӣ мисли пештара, танҳо барои харидории доруворӣ, маҳсулоти ғизоӣ, истифода аз хизматрасонии бонкиву тиббӣ ва гаштугузор бо ҳайвоноти хонагӣ бо риояи фосила аз якдигар иҷозат шудааст. Барои кӯдакони то синни 14 сола рухсати рақамӣ талаб карда намешавад. Ғайр аз ин, бидуни иҷозат, вале бо шаҳодатнома, судяҳо, ҳуқуқшиносон, нотариусҳо, рӯзноманигорон ва инчунин кормандони амният метавонанд ҳаракат кунанд.
Бинобар ин, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳру вилояти Москва қарор доранд, тавсияи дода мешавад, ки реҷаи мазкурро риоя намоянд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон[:]