Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо давлатҳои Россия, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон Қатар, АМА, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳо дорад. Ҳамкориҳо дар асоси Созишномаҳо ва Ёддошти тафоҳум ба роҳ монда шудаанд.
Дар умум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷа 6 ёддошти тафоҳум дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ имзо гардидааст. Аз ҷумла:
Қазоқистон – 1 Ёддошти тафоҳум;
Аморати Муттаҳидаи Араб – 1 Ёддошти тафоҳум;
Эрон – 1 Ёддошти тафоҳум;
Хитой – 2 Ёддошти тафоҳум;
Кореяи Ҷанубӣ – 1 Ёддошти тафоҳум.
Қазоқистон
1. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҷиҳати татбиқи таҷрибаи пешрафта дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумотҳо оид ба талаботи бозори меҳнати якдигар ба қувваҳои корӣ, омодасозӣ ва сафарбарсозии муташакилонаи шаҳрвандони Тарафҳо ҷиҳати бокортаъминсозӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд. Ёддошти тафоҳум 15 марти соли 2018 ба имзо расонида шуд.
Аморати Муттаҳитаи Араб
1. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати АМА дар самти ҷалби қувваи корӣ 16 апрели соли 2018 ба имзо расидааст. Тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур масъалаҳои ҷалби қувваи корӣ аз ҶТ ба АМА танзим шуда, шарту шароити меҳнатии шаҳрвандони мо дар АМА тавассути шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо муайян карда шудааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон
1. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон 10 сентябри соли 2014 ба имзо расонида шудааст.
Ҷумҳурии Мардумии Чин
1. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои меҳнатӣ;
2. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи касбӣ-техникии идоракунии меҳмонхонаҳои Чиндао.
Санадҳои мазкур 31 августи соли 2017 зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳртарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Кореяи Ҷанубӣ
1. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Дӯстии Корея-Осиёи Марказӣ 18 апрели соли 2017 ба имзо расид.