Мақомоти Москва аз норасоии қувваи корӣ дар соҳаи сохтмон иттилоъ дод

Масъалаи норасоии муҳоҷирон дар шаҳри Москваро роҳбари шуъбаи рушди ҳудудҳои нави Москва Владимир  Жидкин матраҳ намудааст. Норасоии қувваи корӣ дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби муҳоҷирон яке аз мушкилоти асосӣ дар Москва гуфта мешавад.

Бинобар иттилои мақомоти Москва ин мушкилот ба суръати сохтмон таъсир нарасонидааст. “Агар сухан оид ба суръат равад, дар мо суръати ягон соҳа коҳиш наёфтааст, дар ҳама ҷо суръати кору фаъолият афзоиш меёбад.  Аммо то ҳол норасоии қувваи корӣ ба унвони мушкили аслӣ, ки коронавирус ба миён овард, эҳсос мегардад” – изҳор доштааст Владимир Жидкин.

Жидкин изҳор доштааст, ки далели аслии норасоии қувваи корӣ аз сабаби паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус баста гардидани марзҳо буда, аммо маҷмааи соҳаи сохтмони шаҳри Москва дар ин самт корбарӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки пештар муовини шаҳрдори Москва оид ба масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ ва муносибатҳои моликият ва замин Владимир Ефимов дар бораи ифтитоҳи маркази муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 15 апрели сори равон дар робита ба ин гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо