Тибқи Фармоиши Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ситоди вилоятӣ ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои иттилотӣ – фаҳмондадиҳӣ оид ба фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020, №274 «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи COVID – 19» таъсис дода шудааст.
Мувофиқи нақшаи корӣ ва ҷадвали тасдиқгардида гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии сардори ситод то миёнаи моҳи июн ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба роҳ мемонанд.
Мақсади асосӣ аз роҳандозии иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, бохабар намудани муҳоҷирони меҳнатии дар Федератсияи Россия қародошта ва аъзои оилаи онҳо мебошад. Бинобар ин, масъулине, ки бевосита чун аъзо ба ситоди вилоятӣ шомил мебошанд, барои ташкили мулоқот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мавзеҳои ҷамъшавии теъдоди бештари шаҳрвандон, аз ҷумла маркази нуқтаҳои аҳолинишин, майдону толорҳои варзишӣ, бозор, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, масҷид, истгоҳи нақлиёт, боғҳои фароғатию фарҳангӣ ва ғайраро самаранок истифода бурда истодаанд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ инчунин дар рафти баррасии муроҷиатҳои телефонию шифоҳии шаҳрвандон ҳам дар маркази маълумотдиҳии Раёсат, ҳам дар шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда истодааст. Дар ин радиф, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан корҳои иттилотӣ-фаҳмондадиҳиро дар вақти гусели мусофирон ба Федератсияи Россия роҳандозӣ намуда истодаанд.
Аъзои ситод ва кормандони масъул дар рафти мулоқотҳо ба сокинони вилоят вобаста ба шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18.04.2020, №274 «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи COVID – 19» маълумот дода, аз иштирокчиён даъват ба амал меоранд, бо наздикону пайвандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаашон дар тамос шаванд. Ба онҳо фаҳмонанд, ки шаҳрвандони айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта, ки бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштаанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, ҳатман ба шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявии муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳозир шуда, худро ба қайд гузоранд ва муҳлати буду бошашонро дар Россия тамдид намоянд.
Агар ҳамдиёрони мо буду боши худро дар Федератсияи Россия то 30 июни соли равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ инчунин дар рафти баррасии муроҷиатҳои телефонию шифоҳии шаҳрвандон ва вақти гусели мусофирон ба Федератсияи Россия гузаронида мешаванд.