[:tj]Дар Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вилояти Мухтори Куҳистон ба ифтихори Рўзи забони давлатӣ бо иштироки устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Пажуҳишгоҳи улуми инсонии вилоят маҳфили хотирмон доир гардид.
Доктори илмҳои филология, профессор Назрӣ Офаридаев, ки солҳои зиёд боз ба таҳқиқи таърихи забони давлатӣ ва гурўҳи забонҳои помирӣ машғул аст, аз мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ дар нигоҳдошти фарҳангӣ миллӣ ва давлатдории тоҷикон сухан гуфта аз ҷумла иброз дошт, ки забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст.Бо гум кардани забони модарӣ миллат ҳам дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдориро аз даст медиҳад ва забону унсурҳои фарҳанги бегонаро қабул мекунад, – афзуд Назрӣ Офаридаев. Ў ифтихор аз Ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва худогоҳииро пеш аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ маънидод намуд. Забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дорад. Бо ин замин дар Хуросону Мовароҳунар аввалин шеъру достонҳо офарида шуданду, ҷилд ҷил китобҳо нашр шуданд, он забони давлатдрии Тоҳириёну Саффориёну Сомониён ва ҳатто давлатдории Газнавиёну Манғитиён буд. Акнун, ки мо баъди садсолаҳо соҳибдавлат гаштем ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки истииқлолияти фарҳангиамон, ки асостарини он забони ноби тоҷикӣ аст поймол созем. Имрўз бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатию миллӣ ва фарҳангию забонӣ, ки таҳти сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ садо медиҳад ва ин саодату иқболи соҳибони ин миллат аст.
Дар маҳфил сўҳбати озоде дар атрофи ин масъала ҷараён гирифт ва ҳозирон ба бисёр пурсишҳои худ оид саёри таърихии забони аҷдодӣ посух гирифтанд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар ВМКБ[:]