Мизи мудаввар оид ба барҳам додани бемории сил

[:tj] 

Айни замон дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирии ва маблағгузории ташкилоти байналмилалии ЮСАИД “Лоиҳа оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ” татбиқшуда истодааст.

Мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, марказҳои саломатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш,  ва дигар ниҳодҳои дахлдор паст кардани хавфи сироятёбии аҳолии осебпазир аз бемории сил, саривақт дарёфт намудан ва муолиҷаи саривақтии бемории мазкур мебошад.

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории самаранок дар самти амалӣ намудани ин лоиҳа рӯзи 18-уми сентябр дар толори “Хуҷанд Стар”, воқеъ дар кӯчаи академикҳо Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо мизи мудаввар доир гардид, ки дар он роҳбарияти лоиҳа, кормандони масъул аз дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дигар ҳамоҳангсозон мизи мудаввар доир шуд. Дар ин чорабинӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоидов намояндагӣ кард.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Умед Нуруллозода ва муовини котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, менеҷери лоиҳа Дилором Мирова оғоз ёфт. Ҳамчунин дар рафти ифтитоҳи мизи мудаввар намояндаи шуъбаи тандурустии шаҳри Хуҷанд суханронӣ кард.

Дар идомаи чорабинӣ маърӯзачиён оид ба вазъи сироятёбии шаҳрвандон ба бемории сил дар миқёси ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин роҳҳои ислоҳи вазъияти ҷойдошта ва барҳам додани ин бемории сироятӣ изҳори андеша карданд.

Менеҷери лоиҳа Дилором Мирова ба таври муфассал мақсаду ҳадафҳо аз татбиқи он, корҳои то ин дам баанҷомрасида, натиҷаи корҳои иҷрошуда ва самтҳои минбаъдаи фаъолиятро фаҳмонид.

Қабл аз ҷамъбасти мизи мудаввар иштирокчиён дар рафти муколамаи озод андешаҳояшонро баён доштанд ватаклифу пешниҳодҳояшонро манзури ташкилкунандагон сохтанд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо