[:tj]
Аз 9 то 15-уми сентябри соли ҷорӣ 103 нафар, аз он ҷумла 22 нафар зан, 5 нафар ноболиғ шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудаанд дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида, онҳоро муддати кӯтоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуд. Дар ин бора аз бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ дода шуд.
Айни замон баҳри иҷрои банди 6-и Нақшаи чорабиниҳои бахш паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ вобаста ба бемории сироятии “Коронавирус” ва пешгирӣ аз он дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз ҷониби бахш якҷоя бо масъулин ба сокинони ноҳия ёддоштҳо оиди пешгирӣ аз бемории сироятии нави “Коронавирус” ба миқдори 19231 нусха дастрас гардида ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ идома дорад.
Зимни вохӯриҳо бо сокинон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дода мешавад.
Инчунин, аз ҷониби масъулин муроҷиатномаҳо барои истифодаи самараноки қувваи барқ ба сокинони ноҳияи Варзоб ба миқдори 1121 нусха дастрас гардонида шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти муҳоҷират чораҳои самарабахш меандешад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб[:]