Мубориза бар зидди СOVID-19

[:tj] 

 

 

Муддати чандест, ки саросари мамлакати моро бемории сироятии “Коронавирус” (СOVID-19) фаро гирифтааст.

Имрӯзҳо ҳар яки моро зарур аст, ки бо ин вабои аср бо таври сарҷамъона ва муташаккилона мубориза барем, ҳушёру эҳтиёткор ва босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем, бояд ба худ бовар дошта бошем ва бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, ҳаргиз рӯҳафтода нашавем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ин бемории сироятии “Коронавирус” ва табобати саривақтии маризон тамоми чораҳои заруриро андешидаву амалӣ намуда истодаанд.

Аз ин рӯ, дар раванди мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ даст ба дасти ҳам гузошта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии “Коронавирус” ҷаҳду талош намоем. Ба тавсияи духтурону мутахассисон гӯш дода, дар бобати пешгирии ин беморӣ ва муҳайё намудани шароитҳои мувофиқи гигиению  – санитарӣ саҳмгузор бошем.

Ҳар яки мо бояд бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон дар ҷои кору истиқомати худ, тарғибкунандагони сиёсати Сарвари давлату ҳукумат дар ин самт бошем.

Бинобар ин, гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намуда, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мебошад.

Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани сирояти бемории “Коронавирус”  дар ҳудуди ноҳияи Файзобод ситоди ноҳиявии пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави “Коронавирус” (СOVID-19) бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба таъсис дода шуда, муддати чандест, ки дар ноҳия миёни аҳолӣ корҳои оммафаҳмонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, пешгирии ин вабои аср суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод низ дар ин самт тибқи дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷоя бо шуъбаву бахшҳои дахлдор корҳои тарғиботӣ бурда истодааст.

Зимни вохӯриҳо ба ҳар як шаҳрванди ноҳия фаҳмонида шуд, ки ҳатман бояд гигиенаи шахсиро қатъиян роия намуда, ба бемории сироятии “Коронавирус” муқовимат нишон диҳанд, яъне дар як рӯз якчанд маротиба дастонро бо собун шуста, ё ин ки бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонида, аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд, аз иштирок дар ҷойҳои серодам ё ин ки аз чорабинии калон худдорӣ намоянд.

Саломатии худ, оила ва фарзандони худро ҳифз намоянд, зеро чӣ тавре мегӯянд “Табиби ҳар кас худи ӯст”, саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст.

 

                                                                                    Махфират Рашидзода

                                                                  мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                      дар ноҳияи Файзобод                     

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо