[:tj]
Дар мулоқот бо 100 нафар истиқоматкунандагони маҳаллаи «Садаф» – и шаҳри Бўстон, ки рўзи 27 ноябр баргузор шуд, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷ. Насриддинзода, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Сатторзода, сардори Раёсати молия Ш. Турсунзода, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Имоми Аъзам» М. Қозиев, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД – и шаҳр Ғ. Зоирӣ, корманди бахши кор бо занон ва оила М. Латипова, сармутахассиси шуъбаи маориф Ш. Абдуғаффорова ва раиси маҳаллаи мазкур А. Абдусамадов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии иттилоотӣ – маърифатии мазкур бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бўстон дар ҳамкорӣ бо кумитаи маҳаллаи «Садаф» ташкил ва ба мавзўи пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, ҳамзамон фарҳанги либоспўшӣ ва таҳкими оила бахшида шуд.
Дар оғоз мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳр Ғ. Зоирӣ дар хусуси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон ва иқдомҳои ватандўстонаи Ҳукумати кишвар ибрози андеша кард. Таъкид намуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни мубораку фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон ҳамагон бояд бунёдкорию созандагиро марому мақсади хеш қарор диҳем ва ба хотири таъмини ояндаи дурахшони наслҳо аз имкониятҳои мавҷуда босамартар истифода барем.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи «Имоми Аъзам» М. Қозиев аз воқеаи нангини дар арафаи фарорасии Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии ўзбекистон рўйдода ёдовар шуда, баён дошт, ки душманону бадхоҳон ва хоинони давлату миллат ҳанўз аз қасду ниятҳои нопокашон даст накашидаанд. Аз ин рў лозим аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеа имрўз аз ҳарвақта дида бештар ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Сатторзода вобаста ба муҳоҷирати бехатар ташвиқоту тарғибот бурда, суроға ва рақами телефонҳои кории Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳоҷират, консулгариҳо, марказҳои миллӣ – фарҳангӣ ва диаспораҳои ҳамватанон дар Федератсияи Русияро ба аҳли толор пешниҳод намуд, то дар вақтҳои зарурӣ муроҷиат намоянд. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва умуман аҳли ҷомеа тавсия дода шуд, ки ба ваъдаҳои хушку холӣ ва сухани ҳар гунна ашхоси шубҳанок бовар накунанд ва дар самти пешгирию мубориза бо терроризм ва экстремизм бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.
Суханронии мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр М. Латипова ба масъалаи пешгирии хушунату хонавайроншавӣ, таҳкими оила ва фарҳанги либоспўшӣ дар миёни бонувон бахшида шуд. Мавсуф оид ба фаъолияти бахш дар самтҳои мазкур маълумот дода, баён дошт, ки ҳамеша омодаи кўмакрасонӣ ба оилаҳо ва ҳалли муаммою мушкилоти онҳо ҳастанд.
Дар рафти мулоқот раиси навтаъини маҳалла Азамат Абдусамадов ба иштирокчиён шиносонда шуд. Номбурда дар рафти суханронии кўтоҳаш ваъда дод, ки тамоми саъю кўшишашро ба боз ҳам ободу зеботар гардонидани маҳаллаи «Садаф» равона месозад.
Мардон ҚУРБОНОВ[:]