[:tj]
24 январ, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳамасола санаи 25 январ ҷашн гирифта мешавад, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро муовини якуми вазир Сангинзода Эмин Нўъмон ҳусни оғоз бахшида, сухани табрикотиро ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрў доданд.
Вазир, ҳозиринро бо рўзи касбии кормандони соҳа самимона шодбош гуфта, ўайд намуданд, ки ҳамасола рўзи 25 – уми январ дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шурўъ аз соли 2013 ҷашн гирифта мешавад.
Инчунин, қайд карда шуд, ки соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон буда, имрўзҳо дар соҳаи мазкур (дар системаи вазорат) зиёда аз 7000 нафар фаъолият доранд.
Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи мазкурро Шукурҷон Зуҳуров ҳоло Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худойбердӣ Холиқназаров, Мусоева Рафиқа Ғаниевна, Илолов Мамадшо Илолович, марҳум Вазиров Зокирҷон, Маҳмадаминов Маҳмадамин, Тағойзода Сумангул Саид ба зимма доштанд.
Бояд ёдовар шуд, ки баъди Истиқлолияти давлатӣ ин соҳа тадриҷан рушду такомул ёфта, дар заминаи кумитаҳои соҳавии замони Шўравӣ вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис ва дар онҳо беҳтарин мутахассисони ҷумҳурӣ барои кору фаъолият ҷалб гардиданд.
Ҳамзамон вазир таъкид намуданд, ки сатҳи хизматрасониҳои сохторҳои вазорат дар маҳалҳо бояд тақвият дода шавад, ки ин масъулияти шахсиро аз ҳар як корманди вазорат тақозо менамояд. Мо бояд содиқона ва бо дилу нияти пок баҳри ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабр соли 2019) аҳлона ҷаҳду талош намоем, зеро сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо, ободкориву созандагиҳо ва хотирҷамъиву шукуфоиҳо меҳнати созанда мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа барои ноил гардидан ба дастовардҳои меҳнатӣ ва комёбиҳои хизматӣ як қатор кормандони вазорат бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
[:]