МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

[:tj] 

15 апрели соли ҷорӣ мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса хонум Ясмин Гуедар доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, Вазир мушкилоти бар асари хуруҷи Covid-19 дар ҷаҳон бавуҷудомадаро таъкид намуда, ба Сафир бинобар хуруҷи сироятёбӣ ва фавти шаҳрвандони Фаронса бар асари ин беморӣ изҳори тасаллият намуд.

Зимнан, масъалаҳои бокортаъминкунӣ ва фарогирии ҷавонон бо касбҳои муосир, инчунин омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.

Аз ҷониби хонум Ясмин Гуедар барои омўзиш ва истифодаи таҷрибаи ғании кишвари Фаронса дар самтҳои дахлдор даъват ба амал оварда шуд.

Дар интиҳо роҷеъ ба нақшаҳои минбаъда ва роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ  табодули назар сурат гирифт.

Мулоқот дар фазои дустона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

 

                                                          Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                         аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо