Мулоқоти маҷозӣ ва баррасии ҳамкориҳо

23 апрели соли ҷорӣ мулоқоти маҷозии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, роҳбарони мақомоти муҳоҷират дар минтақаҳои Россия, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир гашт.

Дар мулоқоти маҷозӣ ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар масоили ҷойдошта мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо