МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШАҲНОЗА НОДИРӢ БО МУОВИНИ РОҲБАРИ БАРНОМАИ РУШДИ СММ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ КРИСТАФОР ПОЛИТИС

[:tj] 

 

25 августи соли ҷорї мулоқоти муовини  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирї бо муовини роҳбари Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кристафор Политис доир гардид.

Зимни мулоқот паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат ва иқдомҳои пешгирифтаи Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъсири пандемияи COVID-19, аз ҷумла  дар самти бозори меҳнат, шуғли пурмаҳсул, аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатї, бокортаъминкунї ва дигар самтҳо мавриди баррасї қарор гирифтанд.

Мулоқот дар фазои дӯстона, якдигарфаҳмї ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, Тарафҳо ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаро тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти Тарафҳо ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.

                                                                Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                            аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо