Мулоқоти судманд бо аҳли деҳот

[:tj]Мулоқоти бо сокинони ҷамоатҳои деҳотӣ Вахиё, Тавилдара ва Чилдара барпонамудаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор пурра ба мавзўи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва мубориза алайҳи бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) бахшида шуд.

Деҳаҳои номбурда калонтарин дар ноҳияи Сангвор маҳсуб шуда,  ҳамасола аз он даҳҳо нафар сокинон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Бо назардошти ин, бахши Хадамоти муҳоҷират кўшиш ба харҷ дод, ки теъдоди бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба мулоқот ҷалб шаванд.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Муҳаббат Раҳматов ба аҳли толор мафҳумҳои ифротгароию тундгароиро шарҳ дода, онҳоро аз нақшаву ниятҳои нопоки террористону экстремистон огоҳ сохт. Дар симои иштирокчиён муҳоҷирони меҳнатӣ ва кулли аҳли ҷомеаро даъват намуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманони давлату миллатамон наафтанд. Инчунин ба ҳозирин оид ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ дод.

Дар умум дар ин чорабиниҳо 125 нафар сокинони ҷамоатҳо иштирок намуданд.

 

                                                                                           Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо