Мулоқоти Ширин Амонзода бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

13 июли соли ҷорӣ вохӯрии маҷозии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти татбиқи лоиҳаи навбатии Бонки Ҷаҳонӣ – «Идоракунии самаранок барои пешрафти иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии вазорат, иқтисодчии калони лоиҳа, ассистенти Барнома, мушовири минтақавӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Департаменти рушди байналмилалии хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ, директори АCTED дар Осиёи Марказӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати татбиқи босамари лоиҳа изҳор намуданд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо