[:tj]
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Ворух оид ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва бемориҳои сироятӣ чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 120 нафар сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.
Мулоқотро муовини раиси ҷамоат С. Болтаева оғоз бахшида, вобаста ба мавзўи баррасишаванда сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ахмедов суханронӣ намуд ва ба саволҳои иштирокдорон вобаста ба муҳоҷирати бехатар ҷавоб гардонид.
Ҳамин гуна мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва хонандагони синфҳои болоӣ дар гимназияи №1 низ доир гардид. Бинои ба иттилои сардори шуъба М. Ахмедов то охири моҳи декабр ташкил ва гузаронидани боз 3 чорабинии дигари иттилоотӣ – маърифатӣ дар нақша аст.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Исфара
[:]