Мулоқотҳои навбатӣ дар Нурафшон, Хонобод ва Навгилем

[:tj]Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар байни дигар зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар самти ташкили мулоқот бо шаҳрвандон ва семинарҳои маърифатӣ – машваратӣ яке аз пешқадамҳо мебошад. Чун дар моҳҳои қаблӣ давоми  рўзҳои сипаришудаи моҳи июн ҳам дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расида истодаанд.

Аз ҷумла дар ҷамоатҳои шаҳраки Нурафшон ва деҳоти Хонободу Навгилем вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо се мулоқот доир гардид. Чуноне сардори шуъба Ғайрат Бобоев иттилоъ дод, дар ҳар се чорабинӣ нафарони масъул аз ҷамоатҳо (раис ва муовини раис) кормандони шуъбаро ҳамроҳӣ карданд.

Дар чорабиниҳои доир гардида мавзўи асосӣ чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла БНМО ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро буд. Дар назди ҳозирон мутахассиси пешбари шуъба М.Ахмедов суханронӣ намуд ва ба саволҳои иштирокчиён ҷавоб гардонид. Сардори шуъба бошад, диққати аҳли толорро ба масъалаҳои касбу забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳоҷирати бехатар ҷалб сохт.

Дар умум дар се мулоқот 215 нафар шаҳрвандон иштирок карданд.

 

                                                                   Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар шаҳри Исфара

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо