8 июни соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер мулоқот намуд.
Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории муштарак дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм дар байни муҳоҷирини меҳнатӣ, мушкилоти зӯроварӣ дар байни муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҳамкориҳои минбаъдаи худро дар соҳаҳои номбурда бо баимзо расонии санади ҳамкорӣ идома диҳанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон