[:tj]
17-уми август дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 ташриф оварда, бо хонандагону омӯзгорон мулоқот орост.
Номбурда сараввал онҳоро ба муносибати саршавии соли нави таҳсил муборакбод намуд ва барояшон комёбию муваффақият хост.
Баъдан вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро изҳори андеша кард.
Ба толибилмон тавсия дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдори халқу Ватани хеш бошанд, ба қадри заҳмати омӯзгорон расанд, дар дабистон бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, касбу ҳунар омӯзанд ва ояндаи дурахшону зиндагии шоистаашонро бо меҳнати бунёдкорона фароҳам оранд.
Бо ёдоварӣ аз мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирон ва муҳоҷирати меҳнатӣ Мустақим Ахмедов таъкид намуд, ки баъди хатми мактаб муҳоҷири меҳнатӣ шудану ба Федератсияи Русия рафтан набояд ҳадафи зиндагии наврасон бошад. Албатта, муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳатҳои мусбат ҳам дорад, вале инсон бояд, пеш аз ҳама, барои дар Ватани худ соҳиби ҷои кор шудан ва ободу зебо гардонидани диёри аҷдодиаш талош варзад.
Дар интиҳои мулоқот сарвари муассиса барои ҳусни таваҷҷуҳ ва мулоқоти судманд ба сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара миннатдорӣ баён кард.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Исфара[:]