9 июн масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муовини директори генералии ширкати сохтмонии «ПИК-модул» Морозова Ирина мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъулин вобаста ба буду бош, пардохти музди меҳнат, муосидат дар ҳалли масъалаҳои бавуҷудомада дар раванди фаъолият ва ҷалби муташакилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии «ПИК-Модул» изҳори назар намуданд.
Зимни мулоқот муовини директори генералии ширкати сохтмонии «ПИК-Модул» аз фаъолияти пурсамар ва нишондиҳандаҳои хуби фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ширкати мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки мо омодаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муташакилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ мебошем.
Пас аз анҷоми мулоқот масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия аз коргоҳ ва шароити фаъолият дар ширкати мазкур аз наздик ошно гардида, бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик суҳбат намуданд.
Зикр гардид, ки дар ширкати мазкур айни замон 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки онҳо дар фаъолияти меҳнатӣ натиҷаҳои хубу назаррасро нишон нишон дода, нақшаи муайяннамудаи ширкатро саривақт ва бо сифати баланд иҷро менамоянд.
Намонядагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират