Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ

21 май дар шаҳри Звенигороди вилояти Москваи Федератсияи Россия вохӯрии кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони муқими шаҳри мазкур баргузор гардид.

Зимни баргузории мулоқот масъулин вобаста ба расмикунонии будубош, тартиби фаъолияти меҳнатӣ ва риояи қоидаҳои барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати иқомат пешбинишавандаро ба таври возеҳ шарҳу тавзеҳ доданд.

Инчунин вобаста ба пешгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатару таҳдидҳои замони муосир, нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар робита ба ин аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кормандони Намояндагӣ саволҳо пешниҳод карда шуда, масъулин ба саволҳои пешниҳодгардида мушаххас посух гардониданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо