Мулоқот бо фаъолони шаҳри Хуҷанд

[:tj]Бо ташаббуси МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират 15 феврали соли равон мулоқот бо фаъолон доир гардид. Дар чорабинӣ, ки таҳти раисии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр А. Ҳомидзода гузашт, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифӣ ва муовини аввали сардори шуъбаи дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд М. Алихонзода суханронӣ карданд.

Мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД, раисони биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳо, кумитаи маҳалла, сарварони мактабҳои варзишӣ, муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва фаъолони ҷомеа аз ҷумлаи иштирокчиёни мулоқот буданд.

Ҳамоиш асосан барои фаҳмонидани моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 09.05.2017, №202 “Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 дар Федератсияи Россия” ва  мубориза бо экстремизму терроризм гузаронида шуд.

                                                               Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо