[:tj]
Бо дастгирии маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Хуҷанд шуъбаи Хадамоти муҳоҷират чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатиро дар толори ҳамин муассиса доир намуд. Дар мулоқот кормандони шуъбаи мазкур ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассиси комиссия оид ба ҳифзи кӯдак, мутахассиси бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳр, намояндаи шуъбаи амнияти миллӣ 120 нафар сокинони маҳаллаҳои Масҷиди, Савру, Чорчароғ ва хатмкунандагони МТМУ №16 иштирок намуданд.
Ба чорабинӣ сарвари муассисаи таълимӣ Ф. Ғанизода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки маъмурияти дабистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ дар самти ташкил ва гузаронидани чунин мулоқотҳо аст ва минбаъд ҳам дар ин самт корбарӣ менамояд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд И. Тӯраев диққати аҳли толорро ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, мутахассиси ҳамин шуъба Д. Раҳматзода бошад, ба масъалаи муҳоҷирати бехатар ҷалб намуд. Аз падару модарони иштирокчӣ ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дархост гардид, ки ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштани фарзандону пайвандонашон онҳоро беназорат нагузоранд ва аз ҳолашон бохабар шуда истанд.
Ҷойҳои мавҷудаи холии кор дар Федератсияи Русияро мутахассиси Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд У. Ҳошимова ба аҳли толор муаррифӣ кард. Таъкид шуд, ки рӯйхати ин ҷойҳои кор дар асоси шартномаю қарордодҳо фароҳам омада, аз хоҳишмандон барои ишғоли вазифаҳо доштани касбу ҳунари муайян, хуб донистани забони русӣ, дониши чуқур ва одобу маданияти баланд тақозо мешавад.
Суханронии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳр У. Юсуфӣ ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ рабт дошт. Мавсуф хизмати ҳарбиро барои ҳар ҷавон қарзи муқаддаси инсонию шаҳрвандӣ ва фарзандӣ арзёбӣ намуда, изҳори умед кард, ки падару модарон дар самти бомуваффақият ҷамъбаст намудани маъракаи даъвати баҳории наваскарон кӯмаки амалӣ мерасонанд. Сармутахассиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак М. Дадобоева зимни суханронӣ мавзӯи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи кӯдакро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Мутахассиси бахши ҷавонон ва варзиш А. Ғаффорзода бошад, насли наврасу ҷавонро ба ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ватандӯстию хештаншиносӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, нагаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва саҳмгузоӣ дар пешрафту ободонии Ватан даъват намуд.
Дар рафти саволу ҷавоб ва суҳбати озод иштирокчиён ба ташкилкунандагон ва маърӯзачиён миннатдорӣ баён намуда, мунтазам доир намудани чунин мулоқотҳоро ба манфиати ҳамагон арзёбӣ карданд.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]