[:tj]
Дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ бо кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҳамкории густурда доштани шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд падидаи ҷолиб аст.
Чанде пештар ҳамин гуна як чорабинии миқёсан калонҳаҷм дар Коллеҷи омӯзгории МТҒ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” доир гардида буд. Чорабинии навбатӣ рӯзи 17-уми сентябр дар Коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд. Дар ташкил ва гузаронидани он ба ғайр аз маъмкурияти коллеҷ Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” бо шуъба ҳамкорӣ карданд.
Дар назди иштирокчиён директори Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим Зуфнуна Хоҷаева суханронӣ намуда, ҳамзамон сармутахассиси Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” Умеда Ҳошимова ва мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Адиба Саттор андешаҳояшонро баён карданд.
Чорабинӣ пурра ба мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии “Коронавирус” бахшида шуд.
Дар баробари дастрас намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва пешгирикунанда ба иштирокчиён рақами кӯтоҳи маркази тамоси вилоят оид ба масъалаҳои СОВИД – 19 дастрас карда шуд.
МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш
аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳр Хуҷанд
[:]