Мулоқот дар литсейи №5 шаҳри Исфара

[:tj]6 декабр дар толори литсейи №5 шаҳри Исфара бо ташаббуси мақомоти прокуратура, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр бо иштироки зиёда аз 90 нафар шаҳрвандон, ки қисми зиёдашон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо мулоқот доир гардид.

Мавзӯи асосии чорабинӣ муқовимат бо экстремизм ва терроризм буд.

Дар назди ҳозирин мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа И. Икромов, прокурори шаҳр А. Раҳмонзода, мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр М. Назирова баромад намуданд. Дар ин радиф сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ғ. Бобоев низ суханронӣ карда, қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро фаҳмонид.

 

                                                                 Шуъбаи ХМ дар шаҳри Исфара [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо