Мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Ориён

[:tj]Имрўзҳо бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт низ вобаста ба ташкили мулоқоту семинарҳои дастурдиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои муайян ба иҷро расида истодаанд. Ҳамин гуна мулоқот  19 апрел бо фаъолону сокинони ҷамоати деҳоти Ориён доир гардид.

Дар рафти чорабинӣ чандин масъалаи муҳим, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, муқовимат бо экстремизму терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, кор бо муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба иштирокчиён моҳияти Созишномаи миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон вобаста ба муҳоҷират фаҳмонида шуд.

Дар назди аҳли толор мудири бахши Хадамоти муҳоҷират М. Назарова, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш З. Боймуродов ва мутахассиси ҷамоати деҳот оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Шокирзода суханронӣ намуда, баъдан ба саволҳояшон ҷавоб доданд.

                                                                                        Мардон Қурбонов[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо