[:tj]Тибқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рўдакӣ имрўзҳо марҳилаи нави корҳои иттилоотию маърифатиро роҳандозӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла 22 сентябр бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рўдакӣ дар ҷамоати деҳоти Султонобод бо зиёда аз 46 нафар сокинони ҷамоат вохўрӣ гузаронида шуд. Дар ташкил намудан ва гузаронидани ин чорабинӣ бахшро ҷамоати деҳоти Султонобод, имомхатибон, кормандони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо дастгирӣ карданд.
Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси ҷамоат У. Утаганов мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Дилшод Раҳматуллоев ба аҳли толор мафҳумҳои ифротгароию тундгароиро шарҳ дода, онҳоро аз нақшаву ниятҳои нопоки террористону экстремистон огоҳ сохт. Дар симои иштирокчиён муҳоҷирони меҳнатӣ ва кулли аҳли ҷомеаро даъват намуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманону бадхоҳони давлату миллатамон наафтанд.
Дар рафти чорабинӣ инчунин оид ба масъалаҳои муҳими вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.
Баъди мусоҳибаи озод ба иштирокчиён шумораҳои охирини рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» ва маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.
Дар рафти ҷамъбасти вохўрӣ ташкилкунандагони он ба саволҳои додаи иштироккунандагон посух гуфтанд.
Анвар Юсупов
[:]