Мулоқти муфид

[:tj]15 феврал бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд чорабинии муштараки иттилоотӣ – маърифатӣ доир гардид.

Чорабинӣ дар толори ҷамоати деҳоти Яхтан бо фарогирии 100 нафар шаҳрванд, аз ҷумла кормандони ҷамоат, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо гузашт.

Раиси ҷамоати деҳот С. Мамадиев, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия С. Баҳодурова ва сармутахассиси МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд У. Ҳошимова ба сухан баромада оид ба масъалаҳои доғи рўз, аз ҷумла мубориза бо экстремизму терроризм, бемориҳои гузаранда, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати меҳнатӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, фаҳмонидани моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия вобаста ба чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол гуфта гузаштанд.

                                                           Бахши ХМ дар ноҳияи Деваштич [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо