[:tj]Дар нўҳ моҳи соли равон ба Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш 389 нафар сокинони ҷамоату шаҳраки ноҳия муроҷиат намуданд, ки аз он 6 нафарро занҳо ташкил медиҳад.
Мутассифона 166 нафар аз муроҷиаткунандагон дар маҳзани воридашон ба кишвари Федератсияи Русия манъ аст, ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора баъди эълони авф 77 нафар сокинони ноҳия иҷозаи дубора ворид ба кишвари Русия пайдо намуданд.
Асосан сокинони ноҳия ба Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират оид ба санҷиши маҷбуран берункардан (депортация), иҷозаи кор ва патент дар Русия, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, оид ба пардохти музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандони наздик ва овардани онҳо ба Ватан ва ғайра муроҷиат намуда, аз тарафи кормандони Шуъба маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Ҳангоми вохурӣ бо сокинони ҷамоату шаҳраки ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Русия ҷиҳати гирифтани маслиҳатҳои муфид ба Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.Тариқи ройгон буклетҳои гуногун оид ба қонунгузории Федератсияи Русия тақдим карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди ноҳия 10 ҷамоату шаҳрак вуҷуд дорад, ки аз ҳама зиёд дар муҳоҷирати меҳнатӣ сокинони ҷамоату шаҳракӣ Ваҳдат, Янгишаҳр, Пилдон, Ҷиргатол ва Лахш мебошанд. Имрўз аз ин Ҷамоату шаҳрак дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия 1673 нафар сокинони он бо корҳои доимӣ ва мавсимӣ кору фаъолият доранд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ноҳия дар Федератсияи Русия Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтааст, шаҳрвандоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд ягон касб надоранд ба Муассисаҳои таълимӣ барои омўзиши забони русӣ ва касбҳои коргарӣ фиристода шаванд. Айни замон 92 нафар шаҳрвандони ноҳия барои касбомўзӣ ва забономўзӣ ба Агентии шуғли меҳнат равона карда шуд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мутобиқи нақшаи корӣ гузаронида шуда истодааст.
- Насрулло Негматов
- сардори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш
[:]