[:tj]
Имрӯзҳо муроҷиати шаҳрвандон ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ду чанд зиёд шуда истодааст. То имрӯз ба Раёсат 18 ҳазору 273 нафар шаҳрвандон барои гирифтани маълумот дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва қонунгузории давлати қабулкунанда муроҷиат намудаанд.
Аз шумораи муроҷиаткунандагон 16 ҳазору 599 нафарро мардҳо ва 1674 нафарро занҳо ташкил дод.
Аслан шаҳрвандон аз қонунгузории нави муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвари ФР пурсон шуда, аз кормандони Раёсат маслиҳатҳои муфид мегиранд. Бояд гуфт, зимни суҳбатҳо бо шаҳрвандон кормандони масъули Раёсат дар мавзӯи муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм, ворид гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО сухан мегӯянд.
Дар суҳбатҳо аён мегардад, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки вазъи муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷи кишвар душвор мегардонад, ин надонистани қонунҳои амалкунанда ва ба қадри кофӣ надонистани забони давлати қабулкунанда русӣ мебошад.
Аслан муроҷиаткунандагонро як савол ташвиш медиҳад, оё онҳо иҷозати рафтан ба Федератсия Россия доранд ё не, мебошад.
А. Эсанова
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳриДушанбе[:]