[:tj]Шурўъ аз моҳи ноябр тамоми шаҳрвандони ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат муроҷиаткунанда, бо усули ҷадид анкета пур мекунанд. Анкетаи махсус аз тарафи бахши мазкур ба хотири бурдани тадқиқот ва муаррифии муҳоҷир тартиб дода мешавад.
Дар иртибот ба ин қазия мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Ҳикматулло Аминов гуфт, ки “бо гузаронидани тадқиқоти мазкур мо тарзи корбарии худро метавонем, ки ҷонноктар кунем. Ин тадқиқот дар бораи то кадом андоза омода будани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, доштани касбу ҳунар, шинос будан бо қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда, донистани ҳуқуқҳои хеш зимни муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот медиҳад”.
Шурўъ аз моҳи ноябр тамоми шаҳрвандони ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат муроҷиаткунанда, бо усули ҷадид анкета пур мекунанд. Анкетаи махсус аз тарафи бахши мазкур ба хотири бурдани тадқиқот ва муаррифии муҳоҷир тартиб дода мешавад.
Дар иртибот ба ин қазия мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Ҳикматулло Аминов гуфт, ки “бо гузаронидани тадқиқоти мазкур мо тарзи корбарии худро метавонем, ки ҷонноктар кунем. Ин тадқиқот дар бораи то кадом андоза омода будани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, доштани касбу ҳунар, шинос будан бо қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда, донистани ҳуқуқҳои хеш зимни муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот медиҳад”.
Анвар Юсупов
[:]