[:tj]
Ассалому алейкум ҳамватанон, бародарон хоҳарони гиромӣ! Мо тоҷикони Шарқи Дури кишвари Хабаровск ҷонибдории пешниҳоду дархостҳои Пешвои Муаззами Миллатро тарафдорӣ намуда дар ин вазъияти ҳасос ҳамватанонро танҳо нагузошта бо маводи хўрока, лавозимоти беҳдошти санитарӣ таъмин намуда истодаем.
Имрўз ин вабои аср (Covid 19) қариб тамоми башариятро фаро гирифтааст. Ба иқтисодиёти тамоми ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст. Бародарон ин вазъият гузаштанист. Имрўз ин вирус дар Ватани азизи мо низ хуруҷ намудааст. Баъзе ифротдгароне, ки Ватани гулгул шукуфони моро ба як мулки валангор табдил дода буданд. Имрўз Ватани азизи мо бо кушишу заҳмат ва сиёсати хирадмандонаи фарзанди арзандаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як мамлакати бонуфўз, гул гул шукуфон тарақикарда табдил ёфтааст дида натавониста бо иғвоҳои дурўғи худ сиёҳ карда, мехоҳанд аз ин вазъияти ҳасос истифода бурда мардумро мисли соли 1992 бо фиреб барои манфиати худ истифода бурданианд. Лекин мардум дигар гумроҳ нест ба ин роҳ намедиханд. Хоинону душманони миллат аз ин вазъият истифода баранд. Мо ҳама аз як гиребон сар бароварда даст боло бардошта дуои онро мекунем, ки Аллоҳи меҳрубон ҳамаи бандагонашро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ба ҳамаи гирифторони ин вабо шифои комил ато кунад.
Мо намояндагони миллати дорои фарҳангу таърихи чандҳазорсола муроҷиат карда ба ҳамаи ҳамватанон инро гуфтанием, ки мо дигар ҳеҷ вақт роҳ намедиҳем, ки иғвогарон, хоинони миллат бо дуруғу сафсатаи худ номи миллату Ватанро доғдор кунанд. Мо боварии комил дорем, ки якҷоя аз ин вазъияти ҳасос мебароем. Мо шукри Худовандо мекунем, ки дар як гўшаи дури қисмати зеботарини олам замини муқаддасе ҳаст бо номи Тоҷикистон! Тоҷикон аз азал миллати соҳиб таъриху соҳиб фарҳанганд ва ин гўшаи зебоӣ оламро обод карданд ва карда истодаанд бо номи Тоҷикистон! Иншооллоҳ аввал Худои бузург ва меҳрубон бо дастгирию сиёсати ободкоронаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли ҳамватанони бонангу номуси ватан ва дўстонамон ҳама мушкилиҳо мегузарад. Вақте, Ватан тинҷ ором ҳаст, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ҳам тинҷу ором паи бартараф кардани бемориҳову мушкилиҳо мешаванд.
Имрўз вақти он аст, ки ҳамаи мо новобаста аз андешаву ақидаву мавқеи сиёсиамон як мақсад, як ҳадаф дошта бошем, тансиҳатии мардуми Ватан ободии Ватан. Барои мардуми бошарафи тоҷик, барои ҳар яки мо пойдории сулҳ, амният, тинҷиву оромии Ватан, неъмати бебаҳост. Ҳар яки мо, вазифадорем бо кори неки худ, ободкории худ, ҳиммату ватандўстию миллатдўстии худ дар атрофи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омада, неъмати бебаҳои сулҳу амониро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Дар рўи олам мо бояд бо чашми ибратбинамон ба атроф нигарем. Давлатҳои ободу оромро чун базе давлатҳои араб, иғвоангезашон, муттаҳид набуданашон боис гардид, ки холо овораи хафт мулканд.Мо точикон миллати бузургем ва дар ин моҳи бахшишу хайрҳо дасти як дигар гирем фикри солимиву пешравии миллату Ватанро кунем.
Ҷамъияти тоҷикони Шарқи Дури
кишвари Хабаровски ФР
[:]