Муҳокимаи лоиҳа дар ноҳияи баландкӯҳ

[:tj] 

Дар ноҳияи Шаҳристон лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӯ – техникӣ ва омӯзиш” мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Дар оғози ин чорабинӣ, ки таҳти раисии муовини раиси ноҳия Ш. Ҳабибуллозода  доир шуд, номбурда таъкид кард, ки барои дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷират татбиқи лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш” хеле муҳим мебошад.

Баъдан сардори Маркази захиравии минтақавӣ дар шаҳри Хуҷанд Ш. Мирзоахмедов баён кард, ки барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъгардида, ҳамчунин гурӯҳи осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст. Ин гуна ашхос имкон доранд, ки дар асоси талаботи бозори меҳнат, тариқи ройгон бо барномаи омӯзиши инклюзивӣ  фаро гирифта мешаванд.

Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалӣ Ҳайдаров моҳият ва ҳадафи лоиҳаи болозикрро муфассалтар шарҳ дод ва бори дигар ройгон будани таҳсилро таъкид кард. Ёдовар шуд, ки лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш” бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад.

Ба иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунандагони чорабиниҳо оид ба лоиҳаи мавриди назартавсиянома тақсим шуд. Ҳамзамон онҳо ба саволҳои аҳли толор посух доданд.

                                                                Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                               дар вилояти Суғд

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо