Муҳокимаи саволҳои пешниҳодшудаи Кумитаи СММ оид ба “Ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо”

[:tj]29 июни соли 2018 тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Шератон мизи мудаввар дар мавзўи: «Ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо» баргузор гардид.

Мизи мудаввар дар доираи ҳамкории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндагии СММ Занон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Суди олӣ, агентиҳои омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия, хизмати давлатӣ, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, СММ Занон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон», Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, филиали Ташкилоти “Save the Children International”, ташкилоти “Хелветас” ва як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Бояд қайд кард, ки дар чорабинии мазкур саволномаи Кумитаи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки дар асоси Маърўзаи дуюми пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (майи соли 2017) ба Дафтари Комисари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода ва ирсол шудааст, дар алоҳидагӣ аз ҷониби иштирокчиён мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Хулосаи ниҳоӣ оид ба саволҳои мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

                                                                                        Вазорати меҳнат,

                                                                   муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо