Муҳоҷирати дохилӣ

[:tj] 

 

 

Мувофиқи нақша дар солҳои 2019-2020 аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд 330 оила ба таври ихтиёрӣ ба ноҳияҳои Носири Хусрав, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Рӯдакӣ кучонида мешуд. Аз ҷумла, кӯчонидани 115 оила бояд дар соли равон амалӣ карда мешуд. Барои инҷрои нақшаи мазкур раёсат ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мактуб фиристода шуда хоҳиш карда шуд, ки дар иҷрои нақшаи мазкур мусоидат кунанд. Яъне барои ҷалби шаҳрвандон ба муҳоҷирати дохилӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бибахшанд.

Ба гуфти муовини сардори раёсат Қирғизбек Зокирзода то ба тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 октябри соли 2018 таҳти рақами 521 “Дар бораи тартиби амали намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии куҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2019-2021“ бояд дар маҷмуъ ба ноҳияҳои Носири Хусрав, Хуросон ва Панҷ 170 оила куч бастааст ва ба ҳамаи ин оилаҳо бо қарзи имтиёзнок  ҷудо карда шавад. Аз ҷумла, аз ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Вахш 7 оила ва ба ноҳияи Носири Хусрав  5 оила, Аз ноҳияи Сангвор ба ноҳияи Панҷ 6 оила, аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба Данғара 30 оила ва 25 оила ба Носири Хусрав, аз Ишқошим 15 оила ва аз Шуғнон 5 оила ба ноҳияи Хуросон аз Темурмалик 30 оила ба ноҳияи Рӯдакӣ ва 15 оила ба ноҳияи Хуросон, аз Муминобод 10 оила ба ноҳияи Рӯдакӣ ва 15 оила аз Қубодиёну Шаҳритус ба ноҳияи Носири Хусрав ва 12 оилаи дигар ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба 20 оилаи қубодиёниҳоию шаҳритусиҳо ва тоҷикободиҳо дар ноҳияи Носири Хусрав замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда ба ҳар як оила 5 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.

Дар самти муҳоҷирати дохилӣ низ дар ноҳияи Вахш мушкили ҷудо кардани замин мебошад. То имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ноҳия барои 7 оилае, ки аз ноҳияи Тоҷикобод ба ин ноҳия кӯч бибанданд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда нашудааст.

                                                                                               Сайраҳмон Назриев

 

 

 

Оморҳо бояд дақиқ бошанд

Бояд гуфт, ки айни замон дар хориҷа то 1 октябри соли равон беш аз 57 ҳазор муҳоҷирони меҳнати аз вилоят қарор доранд.

Маҳмудҷон Хоркашев аз сардорони бахшу шуъбаҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳо талаб кард, ки бо истифода аз маъракаи баруйхатгирии аҳолӣ шумораи шаҳрвандони вилоятро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд,  дақиқ кунанд, зеро вақтҳои охир аз тарафи роҳбарияти Хадамот ва вазорат дар замина эродҳои ҷиддӣ гирифта мешавад.

Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ аз аввали соли равон 57 ҳазору 677 нафар сокинони вилоят ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд, ки аз ҳисоб 55 ҳазору 353 нафарашонро муҳоҷирони меҳнати ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар ин давра 37 ҳазору 758 нафар аз хориҷи кишвар баргаштаанд, ки 35 ҳазору 345 нафараш муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Бояд қайд кард, ки раёсати Хадамоти муҳоҷират дар баробари пешбурдани сиёати давлатӣ дар самти муҳоҷират инчунин барои ба кор таъмин намудани он муҳоҷироне, ки вурудашон ба кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон манъ аст кушиш ба харҷ медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни замон 2 ҳазору 655 нафар сокинони вилоят вурудашон ба ин кишварҳо манъ аст. Ба хотири таъмини онҳо бо ҷои кор раёсат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Агентии шуғли аҳолӣ 982 нафарашон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин 67 нафар бо ҷои кори доимӣ, 339 нафар ба касбомӯзӣ, 22 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 549 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуда ба  5 нафар барои машғул шудан ба соҳибкорӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти Агентии шуғли аҳолӣ қарзҳои бефоиз дода шуд.

Маҷмудҷон Хоркашев ҳамчунин таъкид кард, ки имрӯз мо бояд бо он диаспораҳои тоҷикон дар кишварҳои хориҷӣ ҳамеша дар алоқа буда ҳамкориамонро беҳтар намоем. Бо истифода аз ҳамкориҳо бо ин диаспораҳо мо имкон пайдо мекунем, ки аз ҳолати будубошӣ ҳамватанонамон дар хориҷ огаҳ бошем ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо кумаки хешро расонида тавонем. Ғайр аз ин метавонем ҳамватанони бурунмарзии худро ба корҳои ободони дар маҳали зисташон ва бо ин восита ташкили ҷойҳои кории нав ҷалб намоем.

Аз сафарҳое, ки нимаи соли равон мо ба чанд шаҳри Россия ва Қазоқистон доштем огаҳ гаштем, ки ҳамватанони ба нангу номус ва сармоядор дар хориҷ зиёд дорем ва онҳо омодаанд, ки дар рушди Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Дар замина моро зарураст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои онҳо шароити муносибро фароҳам биёрем.

                                                                                               Сайраҳмон Назриев[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо