[:tj]
Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳ моҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалаи муҳоҷирати экологӣ мавриди таҳлили дақиқӣ қарор гирифт.
Маҳмудҷон Хоркашев, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон зимни суханрониаш вобаста ба бурду бохти раёсат ва зерсохторҳои дар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз он изҳори нигарони кард, ки дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо то ба имрӯз мушкили дар самти муҳоҷирати экологӣ боқи мондааст.
“Дар вилоят тибқи қарори раиси вилояти Хатлон комиссияи байнидоравии танзими раванди муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ таъсиси дода шудааст. Комиссияи мазкур 133 хоҷагиҳое, ки соли 2020 барои кӯчонидан ба ҷойҳои бехавф ниёз доранд мавриди омӯзиш қарор дод. Ин руйхат ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фиристода шуд. То ба имрӯз ба 98 хоҷагӣ дар мавзеъҳои бехавф қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, ки аз 12 хоҷагӣ алалакай кучонида шуд.
Мутаасифона дар ин самт мушкили дар ноҳияҳои Восеъ, Вахш, Данғара ва шаҳри Норак мавҷуд аст. Бо сабабҳои гуногун мақомотҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои номбаршуда то имрӯз барои кӯчонидани хоҷагиҳое, ки дар мавзеъҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд, дар мавзеъҳои бехавф қитъаи замин ҷудо накардаанд. Баҳри ҳалли мушкилоти зикргардида роҳбарияти раёсат бо масъулини ин шаҳру ноҳияҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронда ҳамчунин мактубҳои зарурӣ ба унвонии раисони онҳо фиристода шудааст. Умедворем, ки дар муҳлати кутоҳтарин раисони ин шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф кардани ин камбудӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Мо бояд ба назар бигирем, ки дар тирамоҳу зимистон боришот зиёд мешавад ва ин метавонад хавфи зиёдеро ба бор оварад. Аз ин хотир ҳарчи тезтар кӯчонидани ин хоҷагиҳо ба нафъи кор ва бехатарии узви ин хоҷагиҳост”, – изҳор дошт Маҳмудҷон Хоркашев.
Сардори раёсат ба мудирони бахш ва шуъбаҳои муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои номбаршуда баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва супориши қатъи дод.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Хатлон
[:]