[:tj]
Дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдиён Помир Тур” 29 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия сафарбар кард.
Чуноне ки роҳбалади гурӯҳ Ҷангилой Мамраева иттилоъ дод, онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳу Ашт буда, сафар кардан ба воситаи нақлиёти автомобилиро ихтиёр кардаанд. Бо назардошти арзон будани нархи роҳкиро ва ба таври муташаккилона сафарбар шудан, ҳамасола як қисми муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути чунин намуди нақлиёт ба сафар мебароянд. Баъди боз гардидани гузаргоҳҳои сарҳадии байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону ӯзбекистон бисёр мушкилот бартараф гардида, шумораи чунин хоҳишмандон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Муҳлати муҳоҷирати меҳнатии нафарони сафарбаргардида, вобаста ба маслиҳати пешакӣ бо кордиҳандагон ва имконияти онҳо дар мавриди пайдо кардани ҷои кор, аз 3 то 9 моҳ пешбинӣ шудааст.
Ширкати мазкур ҳамчунин 26-уми апрел як гурӯҳи 40-нафараи муҳоҷирони меҳнатиро аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд ба шаҳри Красноярск сафарбар кард.
Қабл аз гусел дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд
[:]